9 Апрел 2025 - 21:29
Source: IQNA
Баргузории намоишгоҳи акси масоҷиди Русия дар Миср

Хонаи Русия дар шаҳри Искандарияи Миср намоишгоҳи акси масоҷиди таърихии Русияро таҳти унвони «Ислом дар Русия» баргузор кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи аш-Шуруқ, ин намоишгоҳ маҷмӯае аз тасвирҳои масоҷиди қадимии Русияро дар бар мегирад, ки аз нуқтаҳои мухталифи ин кишвар бардошта шудаанд ва ҷойгоҳҳои гуногунеро, аз манораҳои таърихии шаҳри Қазон то марказҳои исломии муосири Маскав дар бар мегиранд.

Ин тасвирҳо зебоии меъмории исломӣ ва ҳамчунин амиқияти маънавии суннатҳои динӣ ва зиндагии рӯзмарраи ҷомеаҳои мусалмони Русияро ба намоиш мегузоранд.

Арсенӣ Матевченко, мудири Хонаи Русия дар Искандария дар ин робита гуфт: «Русия ватани бисёре аз адёни гуногун аст ва Ислом дар ин кишвар ҷойгоҳи муҳиме дорад».

Вай афзуд: «Намоишгоҳи Искандария гуногунрангии ҷомеаҳои исломиро дар Русия нишон медиҳад ва бо як таркиби суннат ва муосирият, бар аҳаммияти гуфтугӯи фарҳангӣ ва ғаноати бархоста аз ин гуногунӣ таъкид дорад».

Русия кишвари васеъ бо 146 миллион нафар аҳолӣ мебошад. Ислом дини дуюм дар Русия маҳсуб мешавад ва тақрибан 25 миллион мусалмон дар он зиндагӣ мекунанд.

Ин кишвар бузургтарин ҷамъияти мусалмононро дар қораи Аврупо дорост. Аксари мардуми Русия пайрави масеҳияти православӣ мебошанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha